zoofirma.ru

Имрӯз, 24.11.2022 дар маркази шаҳри Гулистон роҳпаймоии идона ба муноисбати 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар роҳпаймоии идона гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр, варзишгарони шаҳр, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷамоати шаҳракҳо ва донишҷӯёни муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бо шиору овезаҳо ва парчамҳо дар фазои идона аз назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то ба назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр роҳ паймуданд.

Дар роҳпаймоии идона беш аз 2000 нафар роҳпаймочиён иштирок намуданд. Ҳамчунин роҳпаймочиён парчами дарозиаш 60 ва паҳноияш 4 метрро бо рӯҳияи идона парафашон ба майдони Парчами давлатӣ бурданд.

Роҳандозӣ намудани чорабинии мазкур ҷиҳати арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ мебошад.