zoofirma.ru

8 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи кунунии ҳамкории ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро барои идома ва густариши минбаъдаи робитаҳои судманд бо Созмон ва ниҳодҳои он иброз намуданд.

Таъкид гардид, ки имсол ба узвияти Тоҷикистон дар СММ 30 сол пур шуд ва кишвари мо дар ин муддат дар роҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир, таъмини арзишҳои волои инсоният, муқовимати муассир ба хатару таҳдидҳои замони муосирро муҳокима карданд. Масъалаи вобаста ба вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа низ баррасӣ гардид.

Дар чараёни суҳбат ҳамчунин ҷонибҳо оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли норасоии оби ошомиданӣ, тағйёрёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар талошҳои арзишманди кишвари мо табодули андеша карданд.

Таъкид шуд, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон як ҳазор пирях пурра об шудааст. Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар 250 миллион доллар зарари моливу моддӣ расонида, дар бисёр мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ ҳам гаштаанд.

Дабири кулли СММ нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ таъкид намуд.