zoofirma.ru

Имрӯз, 15.10.2022 намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.

Гулистониён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.

Дар шабегии имрӯза аҳли ҷомеаи меҳнатии шаҳр шафати роҳи асосӣ, атрофи корхонау муассиса ва хиёбону гулгаштҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуданд.

Дар ҳамаи корхонаву ташкило аҳли кормандон гирду атрофи бинои худро тозаву озода намуданд.

Инчунин, дар ҷамоати шаҳракҳо низ корҳои поккориву озодагардонӣ ба роҳ монда шуд.