zoofirma.ru

Санаи 12  октябри соли равон ҳайати журналистони Ӯзбекистон бо сарварии раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Усаров аз шаҳри Гулитон боздид намуданд.

Меҳмононро дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муовини Раиси шаҳр Оқилзода Ғ.А. пазироӣ намуда, ташрифашонро ба шаҳри Гулистон иқдоми наҷиб маънидод кард.

Сипас меҳмонон бо роҳбаладии Назришозода Лоҳур сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии "Соҳил" бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон шинос гардида, аз таасуроти аҷиби хеш иҳори назар намуданд.

Меҳмонон аз маркази таълимии “Бонки  миллӣ”дидан намуда, ба бунёди иншоотҳо ва мавзеи дилфиреби ин минтақа баҳои баланд доданд.

Дар идомаи сафар ба осоишгоҳи "Баҳористон" ташриф оварда,  аз бинову иншоотҳо ва ба “Боғи парандаҳои нодири осоишгоҳ” баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин дар соҳили «Баҳри тоҷик» мулоқот ороста, аксҳои хотиравӣ гирифтанд. Дар баробари силсиладидор аз минтақаҳои гуногуни шаҳр “Шоми дӯстӣ” барпо карда шуд, ки ҳамкасбони ду кишвар аз табодули таҷриба ва нозукиҳои ихтисос, ҳамчунин аз барқарор шудани дӯстии байни ду миллати ба ҳам наздик сухан карданд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки ин дастоварде, ки бо заҳмати зиёди сарварони ду давлат ба даст оварда шудааст, бояд ҳамаҷониба пос дошта шавад.