zoofirma.ru

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо самимияти афзун ва муҳаббати ҷовидона Шуморо ба санаи мубораки 70-умин солгарди мавлудатон таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, шукуфоиву саодати ҳамешагӣ, умри бардавом, рӯзгори хушу осуда ва бахту иқболи баланд  таманно менамоем.

Бигзор, ба бахти миллати тамаддунофари тоҷик хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад. Дар роҳи пиёда намудани армонҳои миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ки сармеъмору поягузори он ҳастед, бароятон комёбиҳои беназир таманно дорем.

Чун дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, мехостем ёдовар шавем, ки ин воқеаи муҳими таърихӣ барои халқи тоҷик туҳфаеро ҳадя намуд, ки назираш бебаҳост. Тағйироту пешрафт ва тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ дар кишвари азизамон, бахусус дар гӯшаву канори ватанамон бавуҷудомада, ба фаъолияту талошҳои пайгиронаи Шумо иртиботи ногусастанӣ доранд.

Ин аст, ки арҷгузорӣ нисбати хидматҳоятон дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони азиз сазовори ҳамагуна мақому манзалат ва эҳтирому самимият мебошад.

Хидматҳои арзандаи Шумо ҳамчунин, барои минтақа ва ҷаҳон низ беандоза бузург аст. Қабул гардидани чаҳор пешниҳоди Шумо доир ба масъалаҳои мубрами сайёра об ва иқлим нишони ақлу идрок ва ҳиммати бузурги Шумост.

Ҳамчунин бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ сарфароз гардиданатон бо нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” гувоҳи хизматҳои беназири Шумост.

Аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия В.Путин сарфароз гардиданатон бо мукофоти олии  “Барои хизматҳои шоиста” дараҷаи III нишони эҳтироми хизматҳои ҷаҳониятон мебошад.

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат, аҳли заҳмати Гулистоншаҳр қавл медиҳанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Шумо ҳамаҷониба талош менамоянд ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Шумо тамоми неруву маҳорати худро барои рушду тараққиёт ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон сафарбар месозанд.

Дар ин рӯзҳои гуворо, пурнусрат ва фараҳафзо Шуморо, ки барҳақ Пешвои миллати тоҷик ва тоҷикистониён ҳастед, бори дигар бо солгарди 70-умин баҳори умратон самимона шодбош мегӯем ва ба фаъолияти минбаъдаи роҳбарии Шумо, ки ба ободонӣ ва шукуфоии кишвари азизамон равона шудааст, муваффақиятҳои беназир орзу менамоем.

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат, тани сиҳат ва баракати умри Шумо бақои давлату миллат аст. Бахт ҳамеша ёру мададгоратон бод!

Бигзор ҳамеша сарбаланду саодатманд ва сиҳатманду сарфароз бошед!

Бо эҳтироми беандоза сокинони шаҳри Гулистон