zoofirma.ru

Вохӯрии мактабиёни МТМУ-и №1 бо намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони байналмилал доир гардид. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Муҳаммадҷон Файзуллоев, сарбозони байналмилал Абдурасул Қодиров ва Қурбоналӣ Бозоров ба сухан баромада оид ба оқибатҳои мудҳиши ҷанг, расидан ба қадри сулҳ, хотираҳои айёми набард дар Афғонистон нақлҳои ҷолиб намуданд.

Чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳр низ ба вуқӯъ пайвастанд.