zoofirma.ru

Имрӯз, 12.09.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз раванди таъмири маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр дидан намуд.

Лозим ба зикр аст, ки бинои мазкур тибқи нақшаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз таъмири куллӣ бароварда мешавад.

Ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки корҳои таъмиру азнавсозии маркази саломатӣ тибқи нақша ҷараён дошта, дар вақти муайяншуда ба охир расонида мешавад.

Раси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонидани маркази саломатии мазкур дастурҳои мушаххас дод.