zoofirma.ru

Имрӯз, 09.09.2022  дар толори Маркази адлияи шаҳри Гулистон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони шаҳри Гулистон ба муносибати Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷамъомадади тантанавӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директории маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок доштанд.

Намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфта, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, ёдовар шуд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода низ ҳозиринро табрик намуда, қайд намуд, ки ба истиқболи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, ки дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр саҳми назаррас гузоштаанд бо мукофотҳои давлатӣ, Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр қадрдонӣ мегарданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 5 нафар кормандони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла медали "Хизмати шоиста" ва ба гурӯҳи калони кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим карда шуд.