zoofirma.ru

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳсин Раҳимов ва собиқадори хизмати давлатӣ Санавбар Нуруллоева хабар гирифта, фарорасии 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли оилаи онҳо табрик намуд.

Дар суҳбат бо собиқадорон гуфта шуд, ки дастгирии собиқадорони меҳнат таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ин қишри ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Муҳсин Раҳимов ва Санавбар Нуруллоева аз таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат изҳори хушнудӣ карда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд