zoofirma.ru

Имрӯз, 03.09.2022 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ бахшида ба Ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ярмаркаи мазкур ҷиҳати таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ярмарка дар баробари кишоварзон корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба истеҳсоли маводи ғизоӣ машғуланд маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас - 10-15% арзонтар пешниҳод намуданд.

 

Сокинон дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввалияи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.