zoofirma.ru

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби раиси шаҳри Гулистон доир ба сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ҳамарӯза корҳои ободониву созандагӣ ҷараён гирифта истодаанд.

Тибқи нақша марҳила ба марҳила намои берунии биноҳои истиқоматӣ рангубор мегарданд, ки дар ин кор саҳми КВД "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр" ва сокинон назаррас мебошад.

Имрӯзҳо корҳои ободониву рангуборнамоии хонаҳои истиқоматии кӯчаи "Истиқлол" ҷараён дорад.