zoofirma.ru

Муҳтарам омӯзгорон!

Хонандагони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи   бузургтарин ҷашнҳои миллӣ - 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Имрӯз аз файзу баракати Истиқлол ва суботу амнияти кишвари азизамон тамоми муассисаҳои таълимӣ чун анъана дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намуда, онҳоро боз ба оғӯши маърифату маънавият фаро мегиранд.

Давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи  илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ки: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.

Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.

Дар ҳамин замина, аз ҷумла таъкид карда шуд, ки масъалаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, омўзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ зери назари махсус қарор гирифта шавад, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рўзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати омӯзиши он талоши бештар намоянд.

Илова бар ин Сарвари давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: “Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад”.

Дар сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии љомеа ва тадриҷан беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки соҳаи  илму маориф дар оянда ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон  барои  рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди бемайлони маорифи шаҳр мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад. Тибқи нақшаи чорабинҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар шаҳр бунёди мактаб барои хонандагони болаёқат  ба нақша гирифта шудааст, ки фаъолияти он дар раванди таълиму тарбия такони ҷиддие мебахшад.

Соли равон Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо баргузории Дарси сулҳ љараён мегирад, ки дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳу рии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мавриди гуфтугӯ қарор мегирад.

Итминони комил дорам, ки хонандагону устодон бо дарки ҳисси баланди масъулият, дар ҷодаи таълиму тарбия бо истифода аз шароиту имкониятҳои мављуда ба дастовардҳои нав ба нав муваффақ мешаванд.

Устодону хонандагони азиз!

Шумоёнро бо фарорасии соли нави таҳсил - Рӯзи дониш муборакбод намуда, бароятон фатҳи қуллаҳои баланди дониш, дастовардҳои нави маънавӣ, таҳсили пурсамар, сиҳатмандӣ ва зиндагии  хурраму осударо  сидқан таманно менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!