zoofirma.ru

Тибқи нақшаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва зимни дастури роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавзеҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони корхонаи ҶМ ТК ММ «Апрелевка» мулоқот бо иштироки Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бӯриев Шуҳрат Насруллоевич, мушовири бахш оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баротов Тоҳир Ҷӯраевич, сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндагони ниҳоди қудратии шаҳр баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Бӯриев, сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Баротов дар назди ҳозирин роҷеъ ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавзеҳи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон корманди ҶМ ТК ММ «Апрелевка» Мирзо Шарифов, собиқадори меҳнат Робия Юнусова ва мутахассиси ҷавон омӯзгори МТМУ № 3 Монад Раҳматуллоева баромад намуда, ибрози андеша карданд.