zoofirma.ru

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимои давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.

Имрӯз, 30 августи соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими анъанавии супоридани либосҳои мактабӣ ба ятимон ба вуқӯъ пайваст. Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар ибтидо кулли мактаббачагонро бо фарорасии соли хониши 2022-2023 муборакбод гуфта барояшон хониши хубу аъло таманно намуд.  Сипас, ба 60 нафар ятимон либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.

Зикр гардид, ки дастгирии ятимону қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамеша дар зери назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо мактаббачагон суҳбат намуда аз ҳолу аҳволи онҳо огоҳ гардид ва ба масъулин бароимунтазам  расонидани кумакҳои иҷтимоӣ дастур дод.

Мактаббачагон изҳори сипосу минннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхории ҳамешагӣ иброз намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо ташкилоту идораҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ дар кор хайр – дастгирии қишри ниёзманд саҳми назаррас дошта, дар ҳар иду маросимҳои ҷашнӣ чунин иқдомро пеша мекунанд.