zoofirma.ru

Имрӯзҳо дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳрак корҳои ободонӣ бо маром ҷараён доранд.

Кормандони КДК Хоҷагии бисёрсоҳавии манзилию коммуналии шаҳрак дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои дар пеш истода 31- умин солгарди Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тозагию ободкориро дар шахрак роҳандозӣ намуда, кӯчаю хиёбонҳоро аз хору хас, алафҳои бегона тоза намуда, шиору овезаҳоро вобаста ба ҷашнҳои мазкур нав намуда кӯшиш доранд, ки ҷашнҳои миллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.

Ҳамчунин, ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 таъмири қубурҳои обгузар ба роҳ монда шуд.