zoofirma.ru

Таҳти ин унвон имрӯз, 30.08.2022 дар ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо сокинони ҷамоати шаҳрак вохӯриву мулоқот доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст паёми табрикии Раиси вилояти Суғд оид ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Сипас, дар мавзуи Истиқлол, дастовардҳои замони истиқлол ва ҳифзу нигаҳдории он маърӯзаҳо ироа карда шуд.