zoofirma.ru

Имрӯз, 29 августи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати кории назди Раиси шаҳр оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 17 июни соли 2022, №147 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ” баргузор гардид.

Дар кори машварат муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, расиони ҷамоати шаҳракҳо ва маҳаллаҳо иштирок доштанд.

Раъно Ҳошимзода Раиси шаҳр кори машваратро оғоз намуд. Вобаста ба мавзуи якуми рӯзнома комиссари њарбии шањр Хайрулло Сатторзода оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 17 июни соли 2022, №147 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ гузориш дод.

Пас аз гузориш Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз комиссари ҳарбӣ, расиони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар аъзои Комиссияи даъват пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати пеш аз муҳлат ба охир расонидани даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас дар рафти машварат доир ба зимистонгузаронӣ, таъмини барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, таъмини либоси мактабӣ, сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ ва баргузории ярмаркаи маводи озуқаворӣ ба масъулин аз ҷониби шаҳрдорӣ супоришҳо дода шуд.