zoofirma.ru

Имрӯз, 26.08.2022 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон маҳфили илмӣ-адабӣ  ва хониши сиёсӣ таҳти унвони “Истиқлолият – дастоварди бузургтарини миллӣ” бо иштироки фаъолои ҷамоати шаҳрак баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Акрамзода Р.Р., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Абдураҳмонов А.А. ва намояндаи Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии ДДҲСТ Олимов Б.Ҳ. иштирок ва суханронӣ намуданд.