zoofirma.ru

Санаи 25.08.2022 дар толори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Гулистон оид ба барномаи давлати "Пешгирии зуроварӣ дар оила" бо фаъолзанон баргузор гардид.

Дар семинар намояндаҳо аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Расулова Истамой ва аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти  Суғд  Имомов Исмоил, раиси собиқадорони шаҳр Каромат Қосимова иштирок ва суханронӣ намуданд.