zoofirma.ru

Имрӯз, 25.08.2022 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони  ташкилоту муассисаҳо дар ҶСК "Қолинҳои Қайроқум" бахшида ба  таҷлили сазовори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии падидаҳои номатлуб, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва захираи маводи ғизоӣ барои давраи тирмоҳу зимистонгузаронӣ, бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон , бо  иштироки васеи сокинони касбу кори гуногун  доир гардид.

Зимнан, аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба  вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки то охири моҳи август чунин вохурӣ ва мулоқотҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳо ва байни аҳолӣ доир хоҳанд гашт.