zoofirma.ru

Имрӯз, 24.08.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр доир гардид.

Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи  Раёсати маорифи вилояти Суғд Муяссар Ҳайдарзода,  муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва омӯзгорону мураббиён иштирок доштанд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори машваратро оғоз намуда, омӯзгоронро бо фарорасии соли нави хониш муборакбод гуфт. Таъкид гардид, ки масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳа иқдомҳои судманд рӯи кор омада истодааст.

Маҳз, натиҷаи ғамхориву таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат нисбати соҳаи маориф аст, ки сол то сол рушди бемайлони соҳа ба назар расида,  сатҳу сифати таълиму тарбия беҳтару хубтар гардида истодааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳр Улуғбек Хожаев оид ба нишондиҳандаҳои соҳаи маорифи шаҳри Гулистон дар соли таҳсили 2021-2022 суханронӣ намуд.

Пас аз он Ҳасанбой Раҷабзода муовини директори МТМУ №14 дар мавзуи “Корҳои санҷишӣ ва нақши онҳо дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон” ва Муҳаррам Набиева мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №5-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дар мавзуи “Роҳҳои самарабахши ташкили кори мудири муассисаи таълимии томактабӣ” маърӯза намуданд.

Намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Муяссар Ҳайдарзода низ омӯзгоронро таҳният гуфта, дар ба даст овардани дастовардҳо ва иҷро ҳадафҳои дар пеш гузоштаашон комёбӣ таманно намуд.

Раси шаҳр Раъно Ҳошимзода доир ба вусъати корҳои таълиму тарбия, иҷрои ҳадафҳо, ба даст овардани дастовардҳои назаррас дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.

Сипас, лоиҳаи қарори машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр бо овоздиҳии якдилона қабул карда шуд.

Дар поёни машварат ба омӯзгорони ҷавон, навовару эҷодкорон ва собиқадорони соҳа туҳфа ва Сипосномаҳои Раиси шаҳри Гулистон ва Раёсати маорифи вилоят супорида шуд.

Дар фарҷом санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро манзури иштирокдорон намуданд.