zoofirma.ru

Дар доираи даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якуми кишвар санаи 20.08.2022 дастаи "Душанбе"-и шаҳри Душанбе дар майдони худ дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистонро қабул намуд.

Бозигарони ҳарду даста бозии хуб нишон доданд. Натиҷаи бозӣ мусовӣ 1-1 ба охир расид.

Дар даври чаҳордаҳуми Чемпионат дастаи "Гулистон" дар майдони худ дастаи "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро қабул менамояд.