zoofirma.ru

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон  ҷиҳати баррасӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28 июли соли 2022 ироа гардид, бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ҷаласаи васеи корӣ баргузор шуд.

Дар рафти ҷаласа вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои назди ҳавлигӣ ва таъмини оилаи худ бо меваю сабзавоти хушсифат ҳамчунин тариқи консервакунонӣ, захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистон ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

 

Ҳамзамон, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани се – чор ҳосил, афзоиш додани майдони кишти зироатҳои таъиноти ғизоӣ, хусусан, дар кишти такрорӣ, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои саноати мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати татбиқи он масъулини соҳаҳои дахлдор муваззаф гардиданд.

Таъкид гардид, ки дар партави супоришҳои Президентии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон оид ба дар ҳар як оила захира намудани озуқаворӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023 ва барои ду соли оянда чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтори ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вазифадор карда шуд.