zoofirma.ru

Имрӯз, 25 июли соли 2022 бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода машварати корӣ доир ба гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани ҷавонписарон  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баргузор гардид.

Дар кори машварат муовин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, сардорони раёсатҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо ва комиссари ҳарбӣ ширкат намуданд.

Машварат бо сухани ифтитоҳи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода оғоз гардида, қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ-Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ,  худогоҳии миллӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд.

Сипас, муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 05.05.2022, №108 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” суханронӣ намуд.

Ҳамчунин,  таъкид карда шуд, ки қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 17.06.2022, №147 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995- 2004 ба хизмати ҳарбӣ” ба тасвиб расида аст.  Дар асоси он аз ҷониби масъулин корбарӣ идома дорад. Бо ин мақсад аз ҷониби раисони ҷамоати шаҳракҳо раисони маҳаллаҳои шаҳр якҷо бо сохторҳои дахлдори шаҳр баҳри омӯзиши ҳолати шаҳрвандони синну соли даъватӣ дар яамоати шаҳракҳо гашту гузори хонагиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагон муайян карда шуда истодааст.

Вобаста ба масъалаҳои саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” ва омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани ҷавонписарон  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода масъулинро вазифадор намуд.