zoofirma.ru

Санаи 18.07.2022 бо сокинони маркази шаҳр доир ба таъмири намои берунии хонаҳои истиқоматӣ ва захираи маводи озуқаворӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Акрамзода Рашиди Рузи ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Бахтовар Ҷумаев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки шаҳри Гулистон шаҳри сайёҳӣ аст ва меҳмонони дохилию хориҷӣ мунтазам ворид мегарданд. Вобаста ба ин моро зарур аст, ки ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ ба ҷаҳониён корҳоро тақвият бахшем.

Лозим ба зикр аст, ки аз ҷониби раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир намудани намои берунии биноҳои истиқоматӣ дар ҳамкорӣ бо сокинон вобаста гардида буданд.

Имрӯзҳо дар ин самт корҳо мунтазам идома доранд ва сокинон низ ин ибтикорро бо хушнудӣ пазируфтаанд.