zoofirma.ru

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои милллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 8 июли соли 2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати иди саиди Қурбон ва Рӯзи маъюбон" дар   якчанд  собиқадорони меҳнат ва маъюбонро аёдат намуд.

Ҳамчунин, ба ин муносибат ба табақаи ниёзманди шаҳр кумакҳои моддӣ аз қабили маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи маъюбон бо қарори Раиси шаҳр ба 20 нафар маъюбон кумаки яквақтинаи молиявӣ расонида шуд.

Дар арафаи иду ҷашнҳо аёдати табақаи ниёзманди ҷомеа ба анъанаи нек мубаддал гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар остонаи таҷлили ҳамаи иду ҷашнҳо мунтазам ба қишри ниёзманди ҷомеа ва собиқадорони меҳнат кумакҳои моддӣ мерасонад.