zoofirma.ru

Имрӯз, 8 июли соли 2022, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар шаш моҳи соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовин ва роҳбари дастгоҳи  раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли 2022 маърӯза намуд.

Зикр гардид, ки дар давоми шаш моҳи соли 2022 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 130,0 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 107,8 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 9,4 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 30,3 миллион сомонӣ буда, 35,0 миллион сомонӣ ё 115,8 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 4,7 миллион сомонӣ  зиёд  маблағ ворид гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти  хароҷот 26,3 миллион сомонӣ (нақша – 24,9 миллион сомонӣ) иҷро гашт, ки баробар ба 105,3 фоиз ё ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳ ба маблағи 2 миллиарду 523,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 102,1 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 51,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Истеҳсоли   маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 87 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 22,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли ҷорӣ сохтмони 6 корхонаи саноатӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчун, доир ба фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр маълумот дода шуд.

Сипас, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, сабаби иҷро нагардидани баъзе уҳдадориҳо  пурсиш ба амал овард.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Раъно Ҳошимзода раиси шаҳр ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.