zoofirma.ru

Санаи 07.07.2022 дар шаҳри Гулистон аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд.

Дар ярмарка корхонаҳо ва ташкилотҳо иштирок намуда, зиёда аз 200 ҷойҳои холии корӣ пешниҳод намуданд.

Бо роҳхати шуъба 14 нафар ба касбомӯзӣ ва 12 нафар ба кор роҳхат дода шуданд.

Ҳамчунин, ба 16 нафар барои омӯзиши касби қаннодӣ роҳхат дода шуд, ки дар натиҷа 30 нафар ба касбомӯзӣ фиристонда шуданд ва 12 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Масъулин тасмим доранд, ки дар оянда ҳарчи бештар ҷавонон ва занону духтарони хонашинро ба касбомӯзӣ фаро гиранд.