zoofirma.ru

Дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати Иди Қурбон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят ба манзили Анвар Отаев, собиқадори соҳаи геология (кӯҳкорӣ) ва Абдусамад Артукбаев, собиқадори соҳаи маориф ташриф оварда, ба онҳо сиҳату саломатӣ, рўзгори тинҷу осуда, дастархони пурфайзу баракат ва хотирҷамъию саодати зиндагӣ орзу намуд.

Таъкид карда шуд, ки фаъолияти пурсамари собиқадорон ҳамеша аз ҷониби давлат қадр гардида, кору пайкори шахсиятҳое, ки умри худро барои пешрафти ҷомеа бахшидаанд, намунаи ибрат ба наврасону ҷавонон аст.

Аёдатшудагон дар навбати худ аз таваҷҷуҳи доимӣ изҳори хушнудӣ карда, миннатдории самимии худро ба Сарвари давлат баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд