zoofirma.ru

Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ,  ободонию созандагии маҳалли зист ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода шуда, корҳо дар самти мазкур идома дорад.

Рӯзи 3-юми июли соли 2022 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ҳашари дастаҷамъона бо дастгирии саховатмандон гузаронида шуд. Таъмиру азнавсозии оромгоҳи марказии шаҳрак, гузоштани хати об аз масофаи 1км ва сохтани чоҳ ба оромгоҳ ба миқдори захираи об дар ҳаҷми 5 куб, таъмиру рангубори даромадгоҳ, дарвозаи оромгоҳ, насб кардани симчӯбҳо бо барқ ва тоза кардани гирду атроф ба роҳ монда шуд.

Масъулин азм доранд, ки корҳои созандагиву бунёдкориро дар ҷамоати шаҳрак мунтазам идома диҳанд.