zoofirma.ru

Рӯзи 2 июли соли 2022 дар доираи даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои  Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дастаи "Душанбе"-и шаҳри Душанберо ба ҳузур пазируфт.

Қисми аввали дидорро бозигарони мизбон бо муваффақият оғоз намуданд. Дар натиҷаи бозигарии дастаҷамъона пас аз зарбаи кунҷӣ нишонзани беҳтарини дастаи "Гулистон" Муҳсин Рустамзода ҳисоби дидорро боз намуд.

Кушодашавии ҳисоби дидор дар оғози бозӣ ба рӯҳияи ҳайати бозингарони мизбон таъсири мусбӣ бахшид ва бо кӯшишҳои пайиҳам маротибаи дуюм ҳуҷумкори даста Муҳсин Рустамзода бо зарбаи қавӣ ва нишонрас хати дарвозаи ҳарифонро рахна намуда, ҳисоби бозиро бар нафъи дастааш афзуд.

Талошу кӯшишҳои меҳмонон самар надод ва бо ҳисоби 2-0 қисми аввали дидор ба анҷом расид.

Дар қисми дуюми дидор дастаҳо барои тағйири ҳисоби дидор кӯшишҳои зиёд намуданд.  Вале кӯшишҳои бозигарони дастаҳо самар надод ва қисми дуюм бидуни тағйири ҳисоб ба охир расид.

Ҳамин тавр дидори дастаҳои "Гулистон" -и шаҳри Гулистон ва "Душанбе"-и шаҳри Душанбе дар даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум бо ҳисоби 2-0 бар нафъи дастаи "Гулистон" ба анҷом расид.

Тубҳоро аз ҳайати дастаи "Гулистон" Муҳсин Рустамзода ба ҳадаф расонид. Лозим ба зикр аст, ки Муҳсин Рустамзода бо 13 туб дар садри нишонзанҳои Чемпионат қарор дорад.

Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон  пирӯзии навбатии худро дар мавсим ба даст овард.

Лозим ба зикр аст, ки дастаи "Гулистон"-и шаҳри  Гулистон дар даври ёздаҳуми Чемпионат санаи 9-уми иююл соли 2022 дар сафар бо дастаи  "Динамо"-и шаҳри Душанбе майдондорӣ мекунад.

ПИРӮЗӢ БА КУЛЛИ ҲАВОДОРОНИ ДАСТА МУБОРАК БОД!