zoofirma.ru

Санаҳои 28-30-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди  гуштини юнонӣ-румӣ, бо иштироки варзишгарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз рӯйи вазнҳои гуногун байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Варзишгарони шаҳри Гулистон низ бо роҳбарии мураббиёни намуди варзишии гуштини юнонӣ-румӣ дар шаҳри Гулистон Аминов Собир ва Аминов Аскар дар вазнҳои гуногун бо рақибони худ қувваозмоӣ намуда, дар натиҷаи заҳмату талошҳо ва нишон додани маҳорати баланди варзишӣ, мағлуб намудани якчанд рақибони худ аз шаҳру ноҳияҳои гуногун як нафар сазоворӣ ҷои дуюм  медали нуқра ва 4 нафар сазоворӣ ҷои сеюм ва медали бринҷӣ гардиданд.