zoofirma.ru

Бо мақсади омӯзиши дақиқу саҳеҳ ва ташреҳу  шарҳи паҳлуҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 феврали соли равон тибқи нақшаи МИҲД-и шаҳр вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи №1 – кӯчаҳои Истиқлол, Исмоили Сомонӣ ва Ҳоҷамбердиев баргузор гардид. Дар мулоқот намояндагони МИҲД-и шаҳр ва кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум ширкат доштанд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода чорабиниро ифтитоҳ карда, дар бораи ҳадаф ва мақсади мулоқот, ҳамзамон роҷеъ ба таъкидоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, ки дар Паём ироа гардидааст, аз ҷумла «Ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёни ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе аз ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад. Як қисми ҷавонон дар пайравӣ аз ҳамин андешаҳои ифротӣ, ҳатто арзишҳои миллиро аз нигоҳи маҳдуди худ ширку бидъан эълон кардаанд» ҳарф зада, бо арқому далелҳои қотеъ доир ба симои манфури бадхоҳони миллати тоҷик ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа суханронӣ кард.

Мавсуф зикр намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат чун башоратномаи миллату давлат ба суботи комили сиёсӣ метавон арзёбӣ кард. Сипас раиси  кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова суханронӣ карда, шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизмро ёдовар шуда, ҳозиринро барои шукргузорӣ ба сулҳу субот даъват кард.

Ҳамзамон сокинони маҳаллаи зикргардида, аз ҷумла Р.Раҳимова, Ш. Ҳамидова, Т. Каримова ва дигарон роҷеъ ба дастгирии сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, аз зиндагии осудаву ором ва Ватани соҳибистиқлоли худ шукргузорӣ намуданд.