zoofirma.ru

Имрӯзҳо дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр, тозаву озода нигоҳ доштан ва кабудизоркунии он, корҳои ободониву сабзкорӣ бо маром ҷараён гирифта истодаанд.

Дар маъракаи ободонӣ баҳри зебову пурҷило намудани шаҳр дар гулгашту хиёбонҳо, роҳравҳо, шафати роҳи асосӣ гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуда, қисмате аз шафати роҳи асосӣ сафолакпӯш гардида истодааст.

Дар корҳои ободонӣ масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр баҳри тақвияти корҳо ҳамарӯза фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.

 

Масъулин нақша доранд, ки ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва зебову хуррам гардонидани он пайваста корҳои сабкориву озодагардониро баргузор намоянд.

Шаҳри Гулистон, ки шаҳри сайёҳиву саноатӣ ва дорои иқтидорҳои бузург дар ин соҳа мебошад таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва сайёҳонро ба сӯйи худ мекашад ва ҳамарӯза меҳмонону сайёҳон ба шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” омаду рафт доранд.