zoofirma.ru

Дар асоси  нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар  Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии  шаҳр мулоқот оид ба захираи маводи ғизоӣ доир гардид.

Дар кори мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон Акрамзода Рашиди Рузи, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Бахтовар Ҷумаев ширкат намуданд.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии роҳбари Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр Ҳомидҷонов Ҷонибек оғоз ёфт.

Аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президени Ҷумҳури  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки ҳар як оила бояд барои  ду сол маводи озуқа захира намояд, заминҳои корам ва заминҳои назди хавлигиро самаранок истифода бурда, барои рӯёнидани аз як замин ду се ҳосил ба масъулин дастуру супришҳо медиҳанд.

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президени Ҷумҳури  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳри Гулистон  сармашқи кори худ намуда, баҳри расидан ба ниятҳои неки роҳбарияти мамлакат ва таъмини талаботи рӯзгори худ талош варзида истодаанд. Сокинони шаҳри Гулистон ҳар қитъа замини дар ихтиёрдоштаи худро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар раванди мулоқоту вохӯриҳо бо кормандони Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар бораи самаранок истифода бурдани заминҳо, таъмини оилаи худ бо меваю сабзавоти хушсифат ва тариқи консервакунонӣ, захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистон тавсияҳо доданд.

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр бори дигар муроҷиат намуд, ки заминҳоро самаранок истифода бурда,  кишти такрориро ба роҳ монанд ва маводи ғизоиро барои ду сол захира  намоянд.