zoofirma.ru

18-уми июни соли 2022 дар доираи даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои  Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дастаи "Ваҳдат"-и шаҳри Ваҳдатро ба ҳузур пазируфт.

Қисми аввали дидорро бозигарони меҳмон бо муваффақият оғоз намуда, аз вазъиятҳои хуби голзанӣ истифода бурда 2 маротиба хати дарвозаи дастаи "Гулистон"-ро рахна намуданд. Пас аз ин гуна ранг гирифтани дидор бозигарони дастаи "Гулистон" ташаббусро ба даст гирифта то поёни қисми аввал 4 маротиба хати дарвозаи дастаи "Ваҳдат"-ро рахна намуда, тавонистанд ҳисоби бозиро бар нафъи худ 4-2 намоянд. Чаҳор туби дастаи "Гулистон"-ро дар қисми аввал беҳтарин нишонзани даста Муҳсин Рустамзода ба ҳадаф расонид.

Дар қисми дуюми дидор дастаҳо барои афзудани ҳисоби дидор кӯшишҳои зиёд намуданд. Кӯшишҳои гулистониён самар дода, тӯби 5-умро низ вориди дастаи ҳариф намуданд. Пас аз қоидавайронкунии бозингарони "Ваҳдат" дар назди дарвозаи худ аз ҷониби довар зарбаи ҷаримавӣ таъин карда шуд ва Муҳсин Рустамзода тӯби шашуми худро дар дидори мазкур ба самар расонида, ҳисоби дидорро ба 6-2 расонид. Бозингарони дастаи "Ваҳдат" аз як фурсати муносиб истифода намуда, тӯби 3-юми худро вориди дастаи мизбонон намуданд. Ҳуҷумкорони дастаи "Гулистон" то охирин фурсатҳо фаъолона бозӣ намуда, дар дақиқаҳои охири илова намудаи довар Ҷӯрабой Исоев бори 7-ум хати дарвозаи меҳмононро рахна намуд.

Ҳамин тавр дидори дастаҳои "Гулистон" - "Ваҳдат" дар даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум бо ҳисоби бузурги 7-3 бар нафъи дастаи "Гулистон" ба анҷом расид.

Тубҳоро аз ҳайати дастаи "Гулистон" 6 маротиба Муҳсин Рустамзода ва 1 маротиба Ҷӯрабой Исоев ба ҳадаф расониданд.

Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон  пирӯзии навбатии худро дар мавсим ба даст овард.

Лозим ба зикр аст, ки дастаи "Гулистон"-и шаҳри  Гулистон дар даври нуҳуми чемпионат санаи 25-уми июни соли 2022 дар сафар бо дастаи  "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ майдондорӣ мекунад.

ПИРӮЗӢ БА КУЛЛИ ҲАВОДОРОНИ ДАСТА МУБОРАК БОД!