zoofirma.ru

6 июни соли 2022 дар кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе Форуми «Занон ва об» - 2022 дар доираи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 (Раванди оби Душанбе) бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари минтақавии СММ «Занон» дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Бунёди байналмилалии Шоҳигарии Академияи илмҳо (RASIT) дар якҷоягӣ бо Дафтари ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА баргузор гардид.

Форум бо иштироки намояндагони баландпоя, намояндагони Муколамаи занони Осиёи Миёна аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди пешвоёни Эътилофи об ва иқлим муҳтарам Султон Раҳимзода доир гардид.

Дар кори Форум намояндагони 49 давлати дунё, сиёсатмадорон, кормандони соҳаи илм: академикҳо, олимон, таҷрибаомӯзон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд, сармоягузорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки амалу фаъолияти онҳо ба ҷанбаъҳо ва равандҳои гендерӣ равона гардидааст, ширкат варзиданд.

Форум самтҳои афзалиятноки робитаҳои мустаҳкам ва самарабахш бо равандҳои мавҷуда ва самтҳои муттаҳидшуда дар Конференсияи СММ оид ба захираҳои об -2023, Конференсияи созишномаи Париж – 27, фаъолияти минбаъда дар доираи натиҷаҳои Сессияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан, 7-умин солгарди Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм ҷиҳати таъмини муколама ва равандҳои мақсаднок дар идоракунии захираҳои об бо назардошти ҷанбаъҳои гендерӣ дар ҳамаи сатҳҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва иншооти санитариро барои зиндагии бароҳати ҳар як инсон, махсусан занону духтарон, ки аксар вақт истифодабарандагон, таъминкунандагон ва паҳнкунандагони асосии об дар оила мебошанд, муҳим арзёбӣ намуд.

Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таъсири камшавии захираи об маҳз ба сифати зиндагии занону духтарон таъсир мерасонад. Тибқи маълумоти оморӣ дар 80 дарсади хонаводаҳои дунё, ки норасоии оби ошомиданӣ ба назар мерасад, масъули ҷамъоварӣ ва интиқоли об занону духтарон мебошанд.  Ин омил боиси масраф шудани вақти пурқиммати онҳо мегардад. Дар сурати дастрасии пурра ба оби ошомиданӣ занону духтарон имконият пайдо мекунанд, ки бештари вақти хешро ба фаъолияти даромаднок, таҳсил дар мактаб, аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва технологияи муосир сарф созанд.

Дар Форум ҷанбаъҳои асосии масъалаҳои зерин муҳокима гардиданд: занон дар илм дар самти об, баланд бардоштани неру ва дониш, ҳамкориҳои самаранок ва шарикӣ, таҷрибаи пешқадам ва таҷрибаи андӯхташуда.

Ҳадафи баргузории Форумро созмондиҳандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ ба роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва таҳкими фаъолият дар самти захираҳои об бо дарназардошти воқеияти гендерӣ ва алоқамандии онро бо рушди минбаъдаи раванди устувории об равона сохтанд.

Боиси тазаккур аст, ки Форум бо иштироки 228 намояндаи воломақоми кишварҳои дунё ба тариқи ҳузурӣ ва 22 нафар ба таври маҷозӣ сурат гирифт.