zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ҳамасола якшанбеи якуми моҳи июн Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ бо тантана таҷлил мегардад.

Имрӯзҳо кормандони соҳаи мазкур баҳри таъмини хизмати маишӣ, беҳтар гардидани хизматрасонӣ дар соҳаи савдо, ҳамчунин оид ба андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, дар ташкили шанбегиҳо, дарахтшинонию тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист фаъолона иштирок менамоянд. Нуқтаҳои савдо, иншоотҳои маишӣ ва хиёбону гулгаштҳое, ки дар ҳудуди шаҳрамон мебинем, маҳсули меҳнати софдилонаю хизматрасонии оқилона ва дастони гулкори коркунони хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад. Аз хизмати бошарафу беғарази кормандони ин соҳа руҳ болидаву табъи мардум дучанд хуш мегардад.

Ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ҳар гӯшаву канори Ватани азизамон ба гулистон табдил ёбад. Сокинони шарафманди шаҳри Гулистон тавассути корҳои ободониву кабудизоркунӣ ҳамеша ҷиҳати пойдориву шукуфоии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд, чунки зебоию ободонии ҳар як шаҳру деҳот аз худи мо вобаста аст ва барои мардуми мо, сатҳу сифати зиндагӣ, рушду нумуи Ватани азиз аст.

Ҳамчунин дар шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор, Сирдарё хоҷагии манзилию коммуналии рифоҳӣ фаъолият дорад, ки дар он садҳо нафар кормандон барои андешидани чораҳо барои таъмини аҳолӣ бо оби тоза, сабзу хуррам намудани муҳити зист, ободу зебогардонӣ талош меварзанд.

Боварии комил дорам, ки кормандони соҳа бо истифодаи имконияту захираҳо сатҳу сифати хизматрасониро баланд мебардоранд ва баҳри ободонии ҷомеа ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти халқ меҳнати фидокоронаи худро дареғ намедоранд.

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кормандони соҳаро бо фарорасии Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушҳолию барори корро таманно дорам.

Иди касбӣ муборак бод!