zoofirma.ru

Имрӯз, 03.06.2022 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” оғоз гардид.

Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки  дар асои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 феврали соли 2022, №АП-154 соли равон дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор карда мешавад. Дар ин асос қарори раиси вилояти Суғд аз 06.04.2022, №116 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 25 апрели соли 2022, №99 ба тасвиб расидааст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»  ба муносибати ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд баргузор мегардад.

Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон дар бар мегирад.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ  гузаронида мешавад. Дар номинатсияҳои сарояндагӣ ва навозандагӣ иштирокчиён аз синни 12 то 17 – сола ва аз 18 то 40 – сола ва дар номинатсияи композиторӣ - аз 18 то 40 – сола иштирок менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои баргузории даври шаҳрии озмун маблағҳои заруриро ҷудо намудааст.

Афзуда шуд, ки ҳамаи ин дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду равнақ ёфтани фарҳангу санъат равона гардидааст.

Изҳори итминон карда шуд, ки ғолибони даври шаҳрӣ дар даврҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гардида, шаҳри Гулистонро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.