zoofirma.ru

Рӯзи сешанбеи 3 май дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии мактаб барои хонандагони болаёқат оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури сокинон бо гузоштани нома ба наслҳо ба сохтмони бинои таълимӣ санги асос гузошта, зимни суҳбат иброз дошт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамасола даҳҳо иншооти нави соҳа сохта шуда, масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олии касбӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мавриди эътибори аввалиндараҷа қарор дорад.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои хуштарҳу замонавии мактаб барои хонандагони болаёқат барои 400 нафар хонанда дар як баст бунёд гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароитҳои мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд. Бинои нав аз 3 ошёна ва 27 синфхона, маҷлисгоҳ, майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ, ошхона, дегхона (барои системаи гармидиҳӣ) иборат буда, дар кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Гулистон буда, пудратчии он ҶДММ “Авитсена” мебошад.

Сипас, Раиси вилоят ба сохтмони бинои Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон санги асос гузошт. Бинои маъмурӣ аз се ошёна иборат аст ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандони мақомоти андози шаҳр шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад. Фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДДМ «Роҳи нек 2015» мебошад. Ба иттилои масъулин бинои мазкур то охири соли равон бояд омода карда шавад.

Раиси вилоят ба масъулин ва роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоотро мунтазам назорат намуда, барои коргарону сохтмончиён низ шароити хуби корӣ фароҳам оваранд.

Раиси вилоят ҳамзамон рафти корҳои сохтмониро дар бинои Маркази адлияи шаҳр ва коргоҳи дӯзандагӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои пурраву бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд