zoofirma.ru

Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар остонаи таҷлили Иди саиди Фитр ба 70 нафар ятимон ва камбизоатону ниёзмандон кумаки яквақта дар намуди маводи ғизоӣ расонида шуд.

Роҳбарияти шаҳр ятимону камбизоатон ва ниёзмандонро бо фарорасии Иди саиди Фитр муборакбод намуданд. Зикр карда шуд, ки фарзандони ятим ва камбизоат дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ояндасози ҷомеа пайваста ғамхорӣ ва дастгирӣ менамоянд.

Бо ҳидоятҳои Сарвари кишвар ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи ҳамаи идҳои суннатӣ аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорону шахсони эҳсонкор ба қишри ниёзманди ҷомеа ятимону камбизоатон  кумак расонида мешавад.