zoofirma.ru

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои хайру саховат, аёдати шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ниёзманд ва дигар қишри ҷомеа 28 апрели соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ниёзмандро аёдат намуд.

Зимни боздид аз вазъи зисту зиндагонии пирони хирад,  шахсони дорои имконияти маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд роҳбари шаҳр аз вазъи зисту зиндагонии онҳо пурсон гардида, зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба чунин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, раванди кумакрасонӣ ба онҳоро дар мадди назар қарор додаанд ва дар ин радиф иброз намуданд, ки “Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумам, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллӣ, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.

Сокинон изҳори сипосмандии хешро баҳри ғамхориҳои доимӣ дар симои роҳбари шаҳр ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.