zoofirma.ru

Имрӯз, 28.04.2022 дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Гулистон рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Тоҷикистон хонаи умеди мост” баргузор гардид.

Дар ин замина дар муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳр хониши сиёисӣ бо иштироки донишҷӯён ва тарғиботчиёни вилоятиву маҳаллӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Карим Шариф, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва мутахассиси татбиқи забони МИҲД-и шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳоданд.

Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиёни молиявӣ ба бор оварда буд.

Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Дар дунё чандин мардумоне арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар ҳатто фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд.

Дастовардҳои дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуда, гувоҳи равшани он аст, ки Тоҷикистон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хонаи умед аст ва онҳо таҳти Сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон саъю талош намуда истодаанд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ доир ба як қатор падидаҳои номатлуб ва ҷалби ҷавописарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар изҳори назар карда шуд.

Дар фарҷом бо донишҷӯён суҳбати озод сурат гирифт. Маъмурияти муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳр барои баргузории хониши сиёсии мазкур бо донишҷӯён ихҳори сипос намуданд.