zoofirma.ru

Имрӯз, 28.04.2022 дар толори хурди Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо соҳибкорону тоҷирони шаҳр мулоқот доир намуд. Дар мулоқоти мазкур роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва соҳибкорону тоҷирон иштирок доштанд.

Дар мулоқот доир ба дастгирии беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, дастгирии соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ ва содиротии шаҳр, бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолии бозгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва муаррификунандаи давлату миллат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар сатҳи баланди ватандорӣ истиқбол гирифтани Ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷониби соҳибкороо дархосту пешниҳодҳо барои тақвияти фаъолияти корӣ манзур карда шуд.

Ба соҳибкорону тоҷирон ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди корҳои ободониву сабзкорӣ дар ҳудуди коргоҳу корхонаҳояшон дастур дода шуд.

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ҳамкории судманд бо соҳибкорону тоҷирон имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст ва аз он самаранок истифода карда мешавад.