zoofirma.ru

Имрӯз, 23-юми апрели соли 2022 дар доираи даври аввали чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои  Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар сафар бо дастаи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ вориди майдони рақобат гардид.

Дар қисми аввали дидор бозигарони ҳар ду даста кӯшишҳои зиёди боз намудани ҳисоби бозӣ намуда, аммо имкони рахна намудани хатти дарвозаи ҳамдигарро пайдо карда натавонистанд. Дастаҳо қисми аввалро мусовӣ ҷамъбаст намуда ба танаффус рафтанд.

Қисмати дуюми бозӣ пурҳаяҷон ҷараён гирифт. Дар назди дарвозаи дастаи "Гулистон" қоидаи бозӣ бар зидди мизбонон вайрон карда шуда, ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи ёздаҳметра таъин карда шуд. Бозигари дастаи "Куктош" ин имкониятро самаранок истифода намуда ҳисоби бозиро боз намуд. Футболбозони дастаи "Гулистон" барои баробар намудани ҳисоби бозӣ талоши зиёд намуданд ва заҳматҳояшон самар оварда ба рахна намудани хати дарвозаи "Куктош" даст ёфтанд. Ҳисоби мусовӣ ҳар ду дастаро қаноатманд наменамуд ва барои пирӯзӣ дар лаҳзаҳои охир талошҳо бештар гардид. Дар ниҳоят мизбонон имкон пайдо намуданд, ки маротибаи дуюм хати дарвозаи меҳмононро рахна намоянд.

Ҳаминтавр дар даври аввали чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум дидори дастаҳои "Куктош" ва "Гулистон" бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи мизбонон ба охир расид.

Тӯби ягонаи дастаи "Гулистон"-ро ҳуҷумкори даста Муҳсин Рустамзода ба ҳадаф расонид.

Дар даври дуюм дастаи "Гулистон"-и Гулистон дастаи "Ҳосилот"-и Фархорро рӯзи 29-уми апрели соли ҷорӣ  қабул менамояд.