zoofirma.ru

Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш рӯзи 22 апрели соли равон  мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди бокс (муштзанӣ) миёни наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 80 нафар тамринкунандагони ин намуди варзиш дар вазнҳои гуногун миёни ҳамдигар рақобат намуданд. Дар натиҷа 42 нафар варзишгарон бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи вазнҳои гуногун мушарраф гардиданд. Ғолибон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон бо диплом ва медал қадрдонӣ гардиданд. Дар мусобиқаи мазкур масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  шаҳри Гулистон ва мактаби варзишӣ иштирок доштанд.

 

Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ин риштаи варзиш хеле рушду такомул ёфта, дастпарварони мураббиён дар сатҳи шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.