zoofirma.ru

Имрӯз, 22 апрели соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз ҶДММ осоишгоҳи “Абдуқодир Ҷабборзода” дидан намуда, бо имконоти мавҷуда ва сатҳи хизматрасонӣ шинос гардид.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ҶДММ осоишгоҳи “Абдуқодир Ҷабборзода” имконияти дар як вақт фаро гирифтани 55 истироҳаткунанда мавҷуд мебошад. Дар осоишгоҳ 7 нафар кормандон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар соли ҷорӣ ба беш аз 100 нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасонӣ карда шудааст. Хизматрасонӣ барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар сатҳи хуб ба роҳ мода шудааст. Масъулин аз заминҳои назди осоишгоҳ самаранок истифода бурда, қисме аз маҳсулотҳои тару тозаро бо истеҳсоли худӣ ба даст оварда истодаанд.

Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ, ҷалби бештари меҳмонон бо роҳи муаррифӣ, зиёд намудани теъдоди кормандон, омодагии доимӣ барои қабули истироҳаткунандагон ва тақвияти корҳои ободонӣ дар ҳудуди осоишгоҳ дастурҳои мушаххас дод.

Лозим ба зикр аст, ки шаҳри Гулистон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ маҳсуб ёфта, дар ҳудуди шаҳр 6 меҳмонхона, 5 осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ ва 1 урдугоҳ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд. Дар натиҷаи ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона ва осоишгоҳҳои хурду калон шумораи ҷойҳои хоб барои қабули меҳмонон ба 2214 адад расонида шудааст.

Дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми хизматрасонӣ дар меҳмонхонаву осоишгоҳҳои шаҳр ба 7,6 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 171,4 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 102,3 фоизро ташкил медиҳад.