zoofirma.ru

Имрӯз, 21.04.2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба Ҷамоати шаҳраки Зарнисор ташриф оварда, зимни ташриф аз раванди фаъолияти истеҳсолии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, ки яке аз корхонаҳои саноатии бузургтарин дар миқёси шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона корҳои истеҳсолӣ бо маром ҷараён дошта, масъулин барои фаъолияти мунтазам ва иҷрои уҳдадориҳои истеҳсолӣ талош доранд. Ҳамчунин, дар корхона корҳои таҷдиду азнавсозӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ идома дорад ва бо ба анҷом расидани корҳо дар ин самт имконияти фаъолияти истеҳсолии корхона зиёд мегардад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода зимни боздид ба масъулини ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолияти истеҳсолӣ, иҷрои саривақтии уҳдадориҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани музди маоши кормандон ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинони шаҳрак дастурҳои мушаххас дод.

 

Лозим ба зикр аст, ки дар шаҳри Гулистон ба рушди соҳаи саноат аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, нисибати фаъолияти бонизому муътадили корхонаҳои саноатӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.