zoofirma.ru

Санаи 20.04.2022 дар толори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстеремистӣ ва дар мавзуи "Ҳуқуқи кӯдакро ҳифз намо", барои амалӣ намудани "Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024"  бо иштироки кормандони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, мудирони кӯдакситонҳо вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Нуралишоҳ Назаралиев сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кудакии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки кӯдакон ояндаи ҷомеа ва кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи насли наврас, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад. Сиёсати давлат оид ба дастгирии оила, стратегияҳои нисбат ба кӯдакон амалишаванда ва дастовардҳои солҳои охир дар ин самтҳо аз таваҷҷуҳи хоса ба ин қишри ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

Воқеияти ҷаҳони муосир, таҳдидҳои наве, ки кӯдакон ба онҳо дучор меоянд, аз қабили ҷангҳо, камбизоатӣ ва бемориҳои вазнин, бепарвоӣ ва бераҳмии калонсолон, маълумоти барои кӯдакон зараровар ва баъзан хатарнок моро водор менамоянд, ки кӯдаконро аз ин таҳдидҳо ҳимоя намоем. Танҳо мо, масъулин ва волидайн метавонем кӯдакии фарзандонамонро пурмазмун, осоишта ва бехатар гардонем.