zoofirma.ru

Санаи 19.04.2022 дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмон тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо хонандагони муассисаҳои таълимии №5, №7 ва №13  вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оила, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Аҳлиддин Тоҷиддинов и.в мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Муборак Давлатова коргузори ҷамоати шаҳрак ва имомхатиби ҷамоати шаҳрак иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот доир ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳуқувайронкунӣ, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, ҷудо гардидани оилаҳои ҷавон, шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, риоя намудани муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб суханронӣ карда шуд.

Ҳамчунин, шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо масъулини ҷамоати шаҳрак бо тариқи гашту гузори хона ба хона бо сокинони ҷамоати шаҳрак вохӯрӣ ва суҳбат намуда, доир ба масъалаҳои доғи рӯз корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузарониданд.